12 октябр Президенти Федератсияи Руссия муҳтарам Владимир Путин баъд аз анҷоми сафари давлатӣ ва иштирок дар ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Руссия ва ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори ИДМ ба шаҳри Маскав баргашт.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми баланд меҳмони олиқадрро самимона гусел намуданд.
Ёдовар мешавем, ки сафари давлатӣ ва кории Владимир Путин дар Душанбе аз 8 то 12 октябр ҷараён гирифт.
Зимнан аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь