Даври аввали музокироти сеҷонибаи намояндагони Русия, Украина ва ИМА 23 январ дар шаҳри Абу Дабӣ ба анҷом расид.
Ба гузориши хабаргузории ТАСС, музокирот пурра паси дарҳои баста ва бидуни ҳузури хабарнигорон идома кард. “Ба эҳтимоли зиёд дар гуфтугӯҳои 24 январ низ ин тартиб идома ёбад”, -гуфтаанд ҳамсуҳбатони ТАСС. Музокирот давоми ду рӯз идома меёбад.
Президенти Украина Владимир Зеленский хабар дод, ки дар ин музокирот роҳҳои хатми ҷанг баррасӣ мешавад ва “намояндагони Украина ҳар соат ба ӯ гузориш медиҳанд”.
Намояндагони Кохи Сафед ба шабакаи NBC News гуфтаанд, вохӯрӣ “пурмаҳсул буд” ва “музокирот фардо идома мекунад””.
Ҳайати Русияро адмирал Игор Костюков ва ҳайати Украинаро котиби Шӯрои амният Рустам Умаров роҳбарӣ мекунанд. Стив Виткоф, фиристодаи вижаи президенти Амрико низ дар ин гуфтугӯ ширкат дорад. Пештар Владимир Зеленский гуфта буд, ки ояндаи Донбас аз мавзуъҳои калидии гуфтугӯ аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь