Англия “Капитал Бонк”-и Қирғизистон ва роҳбарияти онро ба далели кумак ба Русия таҳрим намуд. Ба қавли мақомоти Англия, Русия барои хариди маҳсулоти ҳарбӣ ин бонки Қирғизистонро истифода намудааст. Дар ҳамин ҳол, намояндагони “Капитал Бонк” гуфтанд, онҳо дар давр задани таҳримҳо ба Русия кумак накардаанд ва фаъолияташон дар асоси қонунгузории Қирғизистон аст.
Англия ғайри ин, бозори асъори рақамии Grinex–ро таҳрим намуд, ки дар Қирғизистон сабти ном шудааст. Амрико ҳам пештар ин бозори асъори рақамӣ ё криптовалютаро ба рӯйхати сиёҳ ворид карда буд.
Маҷаллаи Financial Times ҳанӯз охири моҳи июни имсол навишта буд, ки ба воситаи бозори асъори рақамии Grinex амалиётҳо ба маблағи 9 миллиард доллар сурат гирифтаанд.
Чанд ширкатҳои хусусии Қирғизистон, аз ҷумла Tengricoin, Old Vector, Altair Holding SA низ ба рӯйхати сиёҳи Англия ҳастанд.

Англия бонки Қирғизистонро таҳрим кард
Блоки рекламавӣ


