Пас аз ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон, қимати нафт 10 дарсад афзоиш ёфт. Рӯзи якшнабе қимати ҳар бушка нафти хом ба ҳудуди 80 доллар расид. Амрико ва Исроил субҳи 28 феврал ба Эрон ҳамла карданд.
Ба гузориши хабаргузории “Рейтерс”, коршиносон тахмин мезананд, ки бинобар ҷанги ҷорӣ дар Ховари Миёна, қимати ҳар бушка нафти хом мумкин аст ба 100 доллар расад.
Ҳамлаҳои низомӣ ва баста шудани гулӯгоҳи Ҳурмуз сабаби асосии афзоиши қимати нафт аст. Беш аз 20 дарсад аз нафти ҷаҳон аз тариқи гулӯгоҳи Ҳурмуз мегузаранд.
Чандин манбаи гуфтаанд, ки киштиҳои нафткаш пас аз ҳушдори Теҳрон ба киштиҳо барои пешгирӣ аз убур аз гулӯгоҳи Ҳурмуз, фаъолияти худро дар ин масир қатъ карданд.
Блоки рекламавӣ



