Мақомоти Ӯзбекистон дар пайи амалиёти поксозии ҳаво дар ноҳияи Шаҳрихони вилояти Андиҷон даҳҳо танӯри санбӯсапазиро вайрон кардаанд.
Бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ навиштааст, ки амалиёт бо дастури ҳокими минтақа Шӯҳрат Абдураҳмонов доир мешавад.
Дар видеоҳое, ки рӯзи 3-юми декабр нашру паҳн шуд, экскваторҳо ҳангоми тахриби танӯр дар се ошхона тасвир ёфтаанд.
Амалиёти поксозии муҳити зист дар Тошканд ва гӯшаҳои дигари Ӯзбекистон беш аз як ҳафта боз ҷараён дорад.
Ҳукумати Андиҷон дар эъломияе гуфтааст, гурӯҳи корӣ аз субҳ коргоҳу муассисаҳоеро тафтиш мекунад, ки ба иддаои онҳо ҳаворо олуда мегардонанд.
Соли 2016 дар шаҳри Душанбе низ даҳҳо танӯру мошинсарой ва панҷараҳоро вайрон карда буданд. Шаҳрдории Душанбе он замон гуфта буд, ки мехоҳад чеҳраи пойтахти Тоҷикистонро ислоҳ кунад.

Андиҷон: “Тануршиканӣ” идома дорад
Блоки рекламавӣ


