Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2025» гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд.
Дар даври ниҳоии Фестивал-озмун 12 дастаи ҳунарии шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо ҳам қувва озмуданд. Ҷойи якумро ҳаваскорони санъати шаҳри Кӯлоб, ҷойи дуюмро ҳаваскорони санъати ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ва ноҳияи Файзобод гирифтанд.
Ҷойи сеюм насиби ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Ҳисор гардид. Ҳамаи ғолибон ва иштирокчиёни даври ниҳоии Фестивал-озмун аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Диплом ва мукофотҳои пулӣ мукофотонида шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь