“Ҳунармандони санъати шаҳри Ҳисор дар даври минтақавии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2025» дар навоҳии тобеи марказ холи баландтаринро ба даст овард” – хабар доданд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.
Даври минтақавии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2025» дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор доир шуд .
Ҳунармандону ҳаваскорони санъати шаҳри Ҳисор, ки 12 ҷамоати шаҳраку деҳот, муассисаю корхонаҳои шаҳрро намоянда буданд, аз рӯи 12 номинатсия ҳунарнамоӣ намуданд. Ҳакамон ба ҳунари санъаткорон холисона баҳо дода, дар ҷамъбаст ба онҳо 111,3 хол доданд.
Ин рақам байни шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ балантарин хол буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь