Аз 20 то 25 октябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев даври ҷамъбастии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2025» доир мегардад.
Аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтанд, дар даври ҷамъбастӣ ҳунармандони 12 шаҳру ноҳияи мамлакат- ғолибони даврҳои дигар бояд қувва озмоянд.
Ҳадаф аз баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2025» рушди фаъолияти дастаҳои ҳунарӣ, дарёфти чеҳраҳои нави санъаткор, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба фарҳангу ҳунар ва баланд бардоштани нақши ансамблу гурӯҳҳои эҷодӣ дар раванди тарбияи ҷавонону наврасон аст.
Фестивал-озмун дар се давр доир гардида, даври якум аз 10 июн то 25 июл дар сатҳи маҳал баргузор шуд. Даври дуюм аз 1 август то 20 сентябр дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сурат гирифт.
28 октябри соли 2025 маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизиони эҷодиёти халқ «Андалеб-2025» ва консерт баргузор мешавад.

“Андалеб” – 2025: Даври ҷамъбастӣ
Блоки рекламавӣ


