Дар натиҷаи гуфтушунидҳо дар Мадрид, 14-15 сентябр намояндагони Чин ва ИМА дар бораи ба даст овардани созишномаи чорчӯба дар бораи таҳти назорати ҷониби Амрико додани шабакаи иҷтимоии TikTok мувофиқа карданд. Дар ин бора Вазорати тиҷорати Чин хабар додааст.
Пекинро дар музокирот муовини сарвазири шӯрои давлатӣ Хэ Лифэн, Вашингтонро Раиси Вазорати Молия Скотт Бессент ва намояндаи савдо Ҷеймесон Гир намояндагӣ карданд. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки “масъалаҳои асосии TikTok “бо роҳи ҳамкорӣ, коҳиш додани монеаҳои сармоягузорӣ ва мусоидат ба ҳамкории дахлдори тиҷоративу иқтисодӣ” ҳал карда мешаванд. Сипас тарафҳо ният доранд, ки дар бораи ҳуҷҷатҳои ҷамъбастӣ машваратҳо гузаронанд ва барои тасдиқи онҳо расмиёти зарурии дохилиро иҷро кунанд.
Дар соли 2024, Президенти собиқи ИМА Ҷо Байден қонунеро имзо кард, ки ширкати чинӣ ByteDance-ро вазифадор мекунад, ки TikTok-ро фурӯшад. Дар акси ҳол, хостинги видеоӣ бояд фаъолияти худро дар қаламрави кишвар қатъ кунад. Доналд Трамп басташавиро то 17 сентябр ба таъхир гузошта буд.

Амрико ва Чин тақдири TikTok – ро ҳал карданд
Блоки рекламавӣ


