Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии ИМА гуфт, ки созишномаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Амрико ба ду кишвар миллиардҳо доллар фоида меорад.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон барои ширкат дар ҳамоиши раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Доналд Трамп ба Амрико сафар карда буданд.
Рӯзи 6-уми ноябр Доналд Трамп ва Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи сафед дидору гуфтугӯ карданд ва миёни ду кишвар чанд созишномаи ҳамкорӣ имзо шудааст.
Вазорати корҳои хориҷии ИМА рӯзи 7-уми ноябр хабар дод, ки ширкатҳои ду кишвар бо ҳам дар ҳаҷми беш аз 3 миллиард доллар созишнома имзо карданд. Ширкати ҳавопаймоии “Сомон-эйр” бо имзои созише бо ширкати амрикоии “Боинг” ваъда додааст, ки бо маблағи 3,2 миллиард доллар ҳавопаймо ва таҷҳизотҳои зарурии ҳавонавардӣ мехарад.
Ширкати “Сомон-Эйр” низ тасдиқ кардааст, ки бо ширкати “Boeing” барои харидории 14 ҳавопаймои пешрафтаи навъи 787 Dreamliner ва 737 MAX қарордод бастааст.
Тоҷикистон бо ширкати “Transparent Earth” барои ҳамкорӣ бо маблағи 32,5 миллион доллар созишнома имзо кард. Ин ширкат ваъда дод, ки ба Тоҷикистон дар истифодаи дурусти захираҳои табиӣ кӯмак мекунад.
“Transparent Earth” бо дастгоҳҳои моҳвораӣ имкони таҳқиқи захираҳои табиии кураи Заминро дорад ва шеваи дурусти истифода аз онҳоро ба кишварҳо нишон медиҳад.
Сомонаи Президенти Тоҷикистон низ гуфтааст, ки дар бахши “захираҳои истифоданашуда” бо ширкатҳои амрикоӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Мақомдорони Ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати “Starlink” низ созишномаи ҳамкорӣ имзо кардаанд. “Starlink”, як бахши ширкати “SpaceX”-и миллиардер Илон Маск аст, ки хадамоти интернети моҳвораӣ пешниҳод мекунад.
Ба гуфтаи Вазорати корҳои хориҷии ИМА, Тоҷикистон бо ширкатҳои Perplexity AI ва Zypl AI созишнома имзо кардааст, ки ба ниҳодҳои давлатӣ дар истифодаи зеҳни сунъӣ дар умури давлатдорӣ кумак хоҳанд кард.
Ба ширкати амрикоии Coca-Cola, ки чанд сол боз дар Тоҷикистон фаъолият дорад, 9 миллион доллари дигар сармоягузорӣ хоҳад шуд.

Амрико созишномаҳои тиҷоратӣ бо Тоҷикистонро эълон намуд
Блоки рекламавӣ


