Котиби давлатии ИМА Марко Рубио истисно накард, ки силоҳҳои барои Украина пешбинишуда метавонанд ба Шарқи Наздик равона карда шаванд, то дар ҷанги ИМА ва Исроил бо Эрон истифода шаванд.
“Дар суханрониаш рӯзи 27 март дар Фаронса, Рубио изҳор дошт, ки низоъ дар Ховари Миёна то ҳол ба барномае, ки барои кӯмак ба Украина дар дифоъ аз ҳамлаи Русия пешбинӣ шудааст, таъсир нарасонидааст” менависад Bloomberg.
“То ҳол ин тавр нашудааст. То ба ҳол ҳеҷ чиз равон карда нашудааст. Аммо ин метавонад рӯй диҳад” – гуфт Рубио ба хабарнигорон пас аз мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви “Ҳафтгонаи Бузург”. Тибқи маълумоти Politico, ИМА ба иттифоқчиёнаш ҳушдор додааст, ки интиқоли силоҳи амрикоӣ ба Украина метавонад дар моҳҳои оянда боздошта шавад. Ба гуфтаи се мансабдори аврупоӣ, ки бо рафти гуфтушунидҳо шинос буданд, Департаменти давлатӣ ба иттифоқчиёнаш хабар дод, ки интиқоли аслиҳа, алахусус мушакҳои боздошткунанда барои системаи мудофиаи ҳавоии Patriot метавонад сурат нагирад.
Дар ҳамин ҳол, тавре ки яке аз манбаъҳо гуфтааст, Вашингтон итминон дод, ки онҳо силоҳеро, ки иттифоқчиён аз ИМА барои Украина харидорӣ мекунанд, интиқол намедиҳад. Пештар The Washington Post навишта буд, ки Пентагон имкони интиқоли силоҳҳои аз ин барнома харидашударо барои пур кардани захираҳои ИМА баррасӣ мекунад.
Дабири кулли НАТО Марк Рютте ба хабарнигорон гуфтааст, ки таҷҳизоти ҳаетан муҳим барои Киев, аз ҷумла мушакҳои боздошткунанда “ба Украина ворид шуданро идома медиҳанд”, – хабар медиҳад Euronews.
ИМА аз оғози ҷанг бо Эрон захираҳои муҳими аслиҳаро, ки барои солҳо пешбинӣ шуда буданд, дар миёнаи моҳи март сарф кард навиштааст рӯзномаи Financial Times бо истинод ба манбаъҳо.

Амрико силоҳи ваъда кардаашро ба зидди Эрон равон мекунад?
Блоки рекламавӣ


