Департаменти давлатии ИМА ҳанӯз озмун ё лоторея барои дархости “Green Card” ё ҳақи иқомат дар Амрикоро эълон накардааст, вале сокинон дар Душанбе аз ҳоло барои ширкат дар ин барнома тайёр мешаванд.
Солҳои пеш озмун барои дархости “Green Card” аввали моҳи октябр эълон мешуд, вале ҳоло санаи дақиқи он маълум нест. Ҳарчанд, мақомоти амрикоӣ эълон карданд, ки аз ин пас барои дархости ширкат дар ин озмун хоҳишмандон бояд як доллари ИМА супоранд.
Сокинон дар Душанбе аз ҳоло ба марказҳои хидматрасонӣ мераванд ва худро барои ширкат дар озмуни дархости “Green Card” сабти ном менамоянд. Таваҷҷӯҳ ба ин барнома дар миёни сокинони кишварҳои пасошӯравӣ зиёд аст ва Ӯзбекистон бузургтарин омори барандагони лотереяро дар соли ҷорӣ дошта, 5564 нафар посухи мусбат гирифтаанд. Инчунин Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ҳам дар миёни барандагони калони ин бахтозмоӣ номбар мешаванд. Аз Тоҷикистон соли гузашта наздики се ҳазор нафар барандаи лотерея гардиданд.

Амрико рафтан мехоҳӣ? “Green Card” пур кун!
Блоки рекламавӣ


