“Президенти Амрико Доналд Трамп розӣ шуд, ки ба Украина кафолати амниятӣ диҳад, аммо танҳо дар сурате, ки Он бо НАТО алоқаманд набошанд” – навиштааст нашрияи Politico бо истинод ба як сарчашма.
“Трамп изҳор дошт, ки чунин ӯҳдадориро танҳо дар сурате ба ӯҳда хоҳад гирифт, ки агар кӯшишҳо ба НАТО дахл надошта бошанд”- навишааст нашрия. Қаблан Шабакаи телевизионии CNN бо истинод ба дипломатҳои аврупоӣ хабар дода буд, ки Трамп идеяи таъмини амнияти Киевро дастгирӣ кардааст. Баъдтар бо чунин изҳорот Вазири корҳои хориҷии Фаронса Жан-Ноэль Барро баромад карда буд. Рӯзи чоршанбе кантслери Олмон Фридрих Мертс мулоқоти онлайниро оид ба масъалаи Украина ташкил намуд. Мақсади он ба мувофиқа расонидани мавқеи Ғарб дар остонаи музокироти ояндаи Владимир Путин бо Доналд Трамп дар Аляска мебошад. Президенти Украина барои иштирок дар чорабинӣ ба Берлин омад. Аввал видеоконфронси роҳбарони Аврупо баргузор шуд, ки дар он раиси шӯрои Аврупо Антониу Кошта, Раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен, котиби генералии НАТО Марк Рютте ва Зеленский иштирок намуданд. Пас аз ин сӯҳбати онлайнӣ бо иштироки Трамп, роҳбарони аврупоӣ ва Зеленский баргузор гардид.