Дар Амрико баъди ду аср истеҳсоли тангаи яксентӣ ё пеннӣ расман ба поён расид. Дар маросиме, ки 12-уми ноябр дар корхонаи зарробии Филаделфия бо иштироки Брендон Бич, хазинадори ҳукумати Амрико барпо шуд, хабарнигорон тавлиди охирин тангаҳои амрикоиро дар таърихи 232-солаи ин кишвар шоҳид шуданд.
Мақомоти амрикоӣ ҳисоб кардаанд, ки харҷи истеҳсоли як пеннӣ дар даҳ соли охир аз 1,42 то 3,69 сент афзоиш ёфта, зиёновар шудааст.
Брендон Бич, хазинадори ҳукумати ИМА гуфт,“танҳо аз ҳисоби қатъи истеҳсоли пеннӣ соле андоздиҳандаҳои амрикоӣ 56 миллион долларро сарфа хоҳанд кард”.
Ӯ гуфт, ки ҳоло пеннӣ бо арзиши 300 миллиард доллар дар гардиш мебошад ва баъди қатъи истеҳсоли он ҳам, истифодааш дар дасти мардум идома хоҳад кард.
“Бо назардошти навшавии босуръати ҳамёни амрикоиҳо ва хазинадорӣ Президент Трамп ба ин андешаанд, ки идомаи истеҳсоли пеннӣ барои ҷомеаи Амрико дигар як амри зарурии молӣ намебошад”, – афзуд Хазинадори ҳукумати ИМА.
Ҳукумати Амрико пенниро соли 1793 ҷорӣ намуда, аз соли 1909 дар рӯи он акси президент Абраҳам Линколнро сикка заданд. Барои сохтани ин тангаҳои хурд руҳ ва мис ба кор меравад.
Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь