Дар иёлоти Миссурии ИМА мақомот ҷасади марди 60-соларо пайдо карданд, ки зоҳиран дар натиҷаи ҳамлаи хирс дар ҷангали миллии “Озарк” кушта шудааст.
Шерифи маҳаллӣ Глен Уилер хабар додааст фарзандони марде, ки шахсияти вай муайян карда нашудааст, пас аз он ки онҳо дар бораи падари худ чанд рӯз хабар надоштанд, ба полис занг заданд. Падарашон ба истироҳат рафтаю бо худ хайма бурда буд.
Тибқи маълумоти дафтари шериф, пас аз кофтуков, полис ҷасади мардро чанд метр дуртар аз хаймаи ӯ пайдо кард, ки дар он изи захмҳо “ба ҳамлаи ҳайвони калони гӯштхӯр монанд буд”.
Масъулони маҳаллӣ илова карданд, ки хирсе, ки дар ҳамла гумонбар дониста мешавад, пайдо ва кушта шуд.
Ҳамлаҳои хирс дар ин минтақа кам ба назар мерасад. Коршиносони ҳайвоноти ваҳшӣ ҳолатҳои ҳодисаро таҳқиқ мекунанд, то муайян намоянд, ки рафтори ғайриоддии хирс ба будани ғизо дар атрофи хайма сабаб шудааст ё не.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь