Вазири амнияти дохилии Амрико гуфт, бо дастури Президент Доналд Трамп додани раводид ё визаи “DV-1” ба ғолибони бахтозмоии “Green Card” боздошта шуд.
Кристи Ноэм 19-уми декабр дар шабакаи “Х” навишт, “бо фармони Президент Трамп фавран ба Хадамоти шаҳрвандӣ ва муҳоҷират (USCIS) дастур медиҳам, ки “DV1”-ро боздорад, то боварӣ ҳосил шавад, ки амрикоиҳо дигар аз ин барномаи фоҷиабор осеб набинанд.”
Тасмим баъди он эълон шуд, ки Клаудио Мануэл Невес Валенте, касе, ки соли 2017 ба воситаи “DV1” ба Амрико ворид шудааст, дар Донишгоҳи Браун дар Род-Айленд тирпаронӣ кард. Дар ин ҳодиса рӯзи 13-уми декабри имсол ду кас кушта ва нуҳ нафар захмӣ шуданд.
Ҷасади Валентеи 48-соларо дертар пайдо карданд. Муфаттишон бовар доранд, ки ӯ дар қатли як донишманди ҳастаӣ низ даст дорад.
Аз Тоҷикистон соли гузашта наздик ба се ҳазор кас барандаи “Green Card” шуданд.

Амрико додани “Green Card” – ро боздошт
Блоки рекламавӣ


