“Дар моҳи июли соли ҷорӣ ИМА тухми мурғро бори аввал аз Русия ворид кард” – хабар додааст РИА Новости бо истинод ба маълумоти хадамоти омори Амрико. Арзиши интиқол 455 ҳазор долларро ташкил дод, ки ин аввалин чунин созишнома аз аввали соли 1992 буд.
Худи ҳамон моҳ ИМА ба воридоти тухм аз Арабистони Саудӣ шурӯъ кард. Дар моҳи июл ҳаҷми воридоти тухми мурғ ба ИМА ба 16,5 миллион доллар расид. Таъминкунандагони асосии тухми мурғ Бразилия (8,8 миллион доллар), Мексика (3,9 миллион доллар) ва Ҳиндустон (933 ҳазор доллар) буданд.
Афзоиши воридот ба афзоиши якбораи нархи тухм дар Амрико дар аввали сол аз сабаби эпидемияи зукоми парранда вобаста аст. Барои ба эътидол овардани нархҳо, мақомоти амрикоӣ тасмим гирифтанд, ки воридотро афзоиш диҳанд. Бо вуҷуди коҳиши нархҳо дар моҳҳои охир, онҳо дар моҳи июл нисбат ба соли гузашта 16,4% баландтар боқӣ монданд.

Амрико бори аввал аз соли 1992 тухми мурғро аз Руссия ворид кардааст
Блоки рекламавӣ


