Президенти Амрико Доналд Трамп хабарҳо дар бораи ҳамлаи эҳтимолии низомӣ ба Венесуэларо рад кард. Котиби давлатии ИМА Марко Рубио инчунин гузориши рӯзномаро дар бораи ҳамлаи зуд ба Венесуэла “қалбакӣ”номид. Афзоиши назарраси артиши ИМА дар ҳавзаи Кариб дар Венесуэла нигаронӣ ба бор овард, зеро ИМА ба муқовимати низомӣ омодагӣ мебинад.
Ҳамзамон, роҳбарони ҷумҳурихоҳ ва демократи Кумитаи Қувваҳои Мусаллаҳи Сенати ИМА рӯзи ҷумъа гуфтанд, ки маъмурияти ҷаноби Трамп то ҳол дар бораи фаъолияти худ алайҳи кортелҳои маводи мухаддир ва асосҳои ҳуқуқии он тафсилот надодааст.
Даҳҳо нафар дар натиҷаи ҳамлаҳои ИМА ба қаиқҳо, ки дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Кариб ва уқёнуси Ором гумонбар мешуданд, кушта гардиданд, ки ин таниш байни Вашингтон ва Венесуэларо зиёд кард.
Дар ҳамин ҳол, гузоришҳо аз Тринидад ва Тобаго дар соҳилҳои Венесуэла мегӯянд, ки кишвар дар ҳолати омодабош қарор дорад ва ҳамаи рухсатии ҳарбӣ бекор карда шудааст.
Расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд, ки ба хизматчиёни ҳарбӣ амр дода шудааст, ки ба қароргоҳи худ баргарданд.

Амрико ба Венесуэла ҳуҷум намекунад?
Блоки рекламавӣ


