Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон давоми панҷ соли оянда барои мубориза ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сил ва ВНМО (ВИЧ/СПИД), 78 миллион доллар сарф мекунанд.
Дар панҷ соли оянда ИМА ба Тоҷикистон 38 миллион доллар медиҳад ва Тоҷикистон низ ваъда додааст, ки дар ин муддат барои беҳтар кардани сифати хидматрасонии тиббӣ 40 миллион доллар аз буҷаи худ сарф мекунад.
Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар ин маврид рӯзи ҳафтуми апрел хабар дод, ки дар ин бора “тафоҳумномаи дуҷонибаи панҷсола” – ро имзо кардаанд.
Дар хабарнома омадааст, ки ин тасмим дар доираи барномаи “Аввал Амрико”, стратегияи маъмурияти Трамп, бо ҳадафи ҳифзи сиҳати дар саросари ҷаҳон гирифта шудааст. Ҳадаф беҳтар кардани хидмарасониҳои тиббӣ ва “таъмини амнияти устувор дар соҳаи тандурустӣ барои аҳолии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” аст.
Ба гуфтаи Сафорат, бо кӯмаки ИМА Тоҷикистон барои бунёди низоми миллӣ барои сари вақт ошкор кардани бемориҳои сироятӣ талош мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь