Артиши Амрико аз 13-уми апрел муҳосираи дарёии киштиҳоеро оғоз мекунад, ки ба самти бандарҳои Эрон мераванд ё аз онҷо берун мешаванд.
Фармондеҳи марказии Иёлоти Муттаҳида эълон кардааст, ки муҳосираи киштиҳо аз соати 17:30 ба вақти Теҳрон оғоз мегардад:
“Ин муҳосира бидуни ҳеҷ фарқгузорӣ нисбати ҳама киштиҳое татбиқ мешавад, ки вориди бандарҳои Эрон мешаванд ё аз онҷо мебароянд”.
Ин хабар дар ҳоле эълон мешавад, ки Доналд Трамп Президенти Амрико эълон кард, дар пайи ба натиҷа нарасидани музокирот бо Эрон, нерӯҳои баҳрии ИМА муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро оғоз хоҳанд кард. Президенти Амрико ваъда дод, ки ин кишвар минаҳои гузошташуда тавассути Эронро нобуд мекунад ва афзуд, ки “ҳар эронӣ, ки ба тарафи мо ё ба самти киштиҳои ғайринизомӣ тирандозӣ кунад, нобуд хоҳад шуд”. Мақомоти Эрон то кунун ба ин изҳороти Трамп вокуниш нишон надодаанд.
Баъди ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон дар таърихи 28 феврал, Теҳрон равуо аз гулӯгоҳи Ҳурмузро амалан бастааст.

Амрико ба муҳосираи дарёии Эрон оғоз мекунад
Блоки рекламавӣ


