12-уми майи соли ҷорӣ бо иштироки роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон маросими ҷамъбасти натиҷаҳои озмун барои дарёфти ҷоизаи «Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии бонувони соҳибкор» баргузор гардид.
Озмуни мазкур бори сеюм дар доираи «Нақшаи амал барои солҳои 2023–2025»-и Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027 баргузор шуда, натиҷаҳои фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар соли 2024-ро аз рӯйи чор номинатсия ҷамъбаст намуд. Аз ҷумла, номинатсияҳо «Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи қарзҳои додашуда/маблағгузории исломӣ ба бонувони соҳибкор», «Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ дар самти ҷалби пасандозҳои бонувони соҳибкор», «Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи насб ва истифодаи воситаҳои электронии пардохт (POS-терминал ва QR-рамз) ба бонувони соҳибкор» ва «Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи татбиқи лоиҳаҳо вобаста ба дастгирии бонувони соҳибкор»-ро дар бар гирифт.
Боиси хушнудист, ки аз рӯйи номинатсияи «Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи қарзҳои додашуда/маблағгузории исломӣ ба бонувони соҳибкор» Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон – Амонатбонк” сазовори ҷойи дуюм дониста шуд.
Қайд мегардад, ки дастгирии бонувони соҳибкор ба таҳкими мавқеи занон дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар мусоидат намуда, барои истифодаи самараноки нерӯи созандаи онҳо заминаи устувор фароҳам меорад. Дар ин раванд “Амонатбонк” минбаъд низ татбиқи тадбирҳои дахлдорро ҷиҳати густариши хизматрасониҳои молиявӣ ба бонувони соҳибкор идома хоҳад дод.
Шаҳзода Дилшодзода
“Фараҳ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь