Дар пойтахт маросими тантанавӣ-ҷамъбастии мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол ва тенниси рӯи миз байни кормандони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар вазорату корхонаҳои давлатӣ баргузор гардид.
Мусобиқаи мазкур дар доираи «Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷисмонии кормандон, таҳкими ҳамкории мутақобила ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ташкилу баргузор карда шуд.
Ҷараёни бозии пуршиддати дастаҳо ва маҳорати баланди иштирокчиён нишон дод, ки кормандони сохторҳои давлатӣ на танҳо дар фаъолияти хизматӣ, балки дар майдони варзиш низ фаъолу намунавӣ мебошанд. Дар бахши волейбол рақобатҳо бо шиддати хоса сурат гирифта, дастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо бозии ҷолиб ҷойи аввалро соҳиб гардид.
Дар мусобиқаи даставии тенниси рӯи миз бошад кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон – Амонатбонк” натиҷаҳои баланд нишон дода, дастаҳои 1 ва 2-и Бонк мутаносибан сазовори ҷойҳои якум ва сеюм гардиданд. Ҳамчунин, дар сабқати инфиродии тенниси рӯи миз кормандони Амонатбонк ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол намуданд.
Ғолибон ва ҷоизадорон аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бо диплом, ҷом ва медал қадрдонӣ карда шуданд.
Қобили зикр аст, ки иштироки фаъолонаи кормандони “Амонатбонк” дар чунин мусобиқаҳо нишонаи таваҷҷуҳи ҷиддии Бонк ба рушди варзиш, таҳкими саломатии кормандон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

“Амонатбонк” ғолиби мусобиқаи варзишии тенниси рӯи миз дониста шуд
Блоки рекламавӣ


