Китобхонаи Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон – Амонатбонк” дар даври ноҳиявии озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин», ки дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок намуда, миёни корхонаву идораҳои давлатӣ ҳамчун яке аз «Китобхонаҳои беҳтарини идоравӣ» ғолиби ҷойи якум эътироф шуд.
Озмуни мазкур бо мақсади рушди устувори китобхонаҳо, таҳкими заминаҳои моддиву техникии онҳо, рушду тавсеаи китобдорӣ, ташвиқи истифодаи китоб дар оила, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву идораҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ҷалби мутахассисони соҳаи китобдорӣ, инчунин тақвияти сатҳи зеҳниву маънавии сокинони пойтахт роҳандозӣ гардидааст.
Дар доираи ин иқдом, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Китобхонаи Амонатбонк дар фазои тантанавӣ бо Диплом қадрдонӣ карда шуд. Ҳамзамон, чорабинӣ ба ҷалби бештари аҳолӣ ба мутолиа ва тарғиби озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мусоидат менамояд.
Қобили зикр аст, ки дастгирии чунин ташаббусҳои фарҳангиву маърифатӣ аз ҷониби “Амонатбонк” нишонаи таваҷҷуҳи пайвастаи Бонк ба рушди маънавиёт, фарҳанги китобхонӣ ва боло бурдани сатҳи дониш дар ҷомеа мебошад.
Асосӣ Хабари рӯз “Амонатбонк” ғолиби ҷойи якум дар даври ноҳиявии озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» дониста...

“Амонатбонк” ғолиби ҷойи якум дар даври ноҳиявии озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» дониста шуд
Блоки рекламавӣ


