Гурӯҳи кории Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар кори Форуми иқтисодии Авруосиё 2025 ва ҷаласаи молиявии Бонки давлатии рушди Чин, ки аз 23 то 25 сентябр дар шаҳри Сиани Чин доир гардид, иштирок намуд, иттилоъ медиҳад маркази матбуотии «Амонатбонк».
Форуми иқтисодии Авруосиё 2025 бо ташаббуси Бонки давлатии рушди Чин ба рушди ҳамкории иқтисодии кишварҳои минтақаи Авруосиё ва давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай равона гардид. Дар доираи он ҷаласаи пленарӣ ва конфронси молиявӣ доир ба ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» баргузор гардид.
Дар доираи форум гурӯҳи кории «Амонатбонк» бо намояндагони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла Бонки давлатии рушди Чин, Беларусбонк ва Бонки рушди Қазоқистон оид ба тавсеаи ҳамкории муштарак мулоқоти дуҷониба баргузор кард.

«Амонатбонк» дар Чин
Блоки рекламавӣ


