«Амонатбонк» аз раванди афзоиши пешниҳоди қарзҳо ба муштариён дар шашмоҳаи якуми соли равон хабар додааст.

Раиси Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода 5 август дар нишасти матбуотӣ зимни натиҷагирии фаъолияти «Амонатбонк» дар соли равон иброз намуд, ки дар ин давра «Амонатбонк» аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 26 ҳазор мизоҷ қарз пешниҳод намуд. Ҳаҷми умумии қарздиҳӣ беш аз 1 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 7,9 фоиз афзоиш ёфт.

Дар ин давра «Амонатбонк» асосан ба соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, тиҷорат, нақлиёт, сайёҳӣ, тандурустӣ ва хӯроки умумӣ қарз пешниҳод кардааст.

Алиҷон Салимзода иброз намуд, ки «Амонатбонк» барои дастгирии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини шароити беҳтари зиндагии аҳолии мамлакат ба пешниҳоди қарзҳои истеъмолӣ ва ипотекӣ низ аҳамияти махсус медиҳад. Соли равон ба 113 нафар муштарӣ қарзҳои ипотекӣ ба маблағи 14 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 чор маротиба зиёд аст.

Марзия САИДЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь