Амонатбонк дар соли 2025 ба зиёда аз 60 ҳазор мизоҷ ба маблағи умумии 2,5 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод намудааст. Дар ин бора раиси бонк Алиҷон Салимзода 10 феврал зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, қарзҳо ба мизоҷон бо пули миллӣ бо меъёри аз 10 то 24 фоизи солона ва бо асъори хориҷӣ бо меъёри аз 7 то 12 фоизи солона пешниҳод мегарданд. Муҳлати истифодаи қарзҳо то 5 сол муқаррар шудааст.
Тавре зикр гардид, бахши аъзами маблағҳои қарзӣ ба рушди соҳибкорӣ, дастгирии фаъолияти истеҳсолӣ ва қонеъ гардонидани ниёзҳои иҷтимоии аҳолӣ равона шудаанд.
Раиси бонк таъкид кард, ки ҳадафи асосии пешниҳоди қарзҳо таҳкими фаъолияти иқтисодӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.
Ба иттилои масъулон, дар доираи сиёсати молиявии бонк таваҷҷуҳи махсус ба дастгирии соҳибкорони хурду миёна ва афзоиши гардиши сармоя дар иқтисоди миллӣ зоҳир карда мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь