Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Фаронса ба муносибати анҷоми фаъолияти дипломатияш мулоқот анҷом дод
5 декабри соли 2025 дар Қасри Елисей сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса Ҷамолиддин Убайдулло бо мушовири Президенти Фаронса оид ба масоили Аврупои қитъавӣ ва Туркия Бертран Бушвалтер ба муносибати анҷоми фаъолияти дипломатиаш дар Ҷумҳурии Фаронса мулоқот анҷом дод.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд. Бертран Бушвалтер таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаро дар солҳои охир баланд арзёбӣ намуда, ба сафир дар фаъолияти минбаъдааш комёбиҳо орзу кард.
Блоки рекламавӣ



