Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Дона Баҳром таҳти унвони «Саду як таронаи Дона Баҳром» ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд.
Зимни ҳамоиш ректори донишкада Маҳмуд Назарзода иброз доштааст, ки Дона Баҳром яке аз ҳунармандони сермаҳсули ҷумҳурӣ буда, давоми фаъолияти касбӣ офаридаҳои зиёди ҳунарияш дар хазинаи тиллоии радио сабт гардидаанд.
Дона Баҳром на фақат сурудҳои маълуму анъанавиро бо фасоҳати баланди ба худ хос иҷро мекунад, балки бештар кӯшиш менамояд, ки сурудҳоро бо оҳанги худаш пешкаши мухлисони сершумораш гардонад. Оҳангу сурудҳои офаридааш, аз як тараф анъанаи классикиро дар худ нигоҳ доранд, аз тарафи дигар, вобаста ба талаби замон такмил ёфта, ба қалби сомеон роҳ меёбанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь