16-уми декабр, дар натиҷаи ҳамла ба як ноболиғ ба мактабе дар вилояти Маскав як навраси даҳсола кушта шудааст.
Ҳамлавари ноболиғ бо корд ба мактабе дар ноҳияи Одинтсово ворид шуда, аввал посбон ва сипас як наврасро теғ задааст.
Навраси кушташуда, ки аз ӯ расонаҳои Русия “Қобилҷон” ном бурдаанд, тоҷик аст ва бар асари захми корд ҷон додааст.
Модари ӯ дар ҳамин мактаб фаррош будааст. Яке аз ҳамсоягони ин оила гуфтааст, ин зан пас аз марги шавҳараш ду фарзандро ба танҳоӣ бузург мекард.Раёсати умури дохилии Маскав мегӯяд, ҳамлаварро дастгир кардаанд. Расонаҳои Руссия навиштаанд, ки қотил дар синфи нуҳум мехонад. Бино ба паёме, ки ӯ ба ҳамсинфонаш фиристодааст, вай пайрави нажодпарастону скинхедҳо буда, марги мусулмонон, яҳудиён, зиддифашистон ва либералҳоро шиори худ кардааст.
Дар Интернет видеое, ки ҳамлавар бардоштааст, нашр шуд ва ӯ ҳангоми рӯ ба рӯ омадан ба гурӯҳе аз хонандагон ва муаллимашон аз онҳо мепурсад, ки миллаташон чист.
Дар бораи сабабҳои ҷиноят ҳанӯз чизе нагуфтаанд.
Мақомоти Руссия то ҳоло об ба даҳон гирифтаанд ва танҳо бо қасди куштор парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Ҳамла ба навраси тоҷик дар Маскав
Блоки рекламавӣ


