Бо мақсади рушди робитаҳои корӣ ва мубодилаи таҷрибаи муосир дар самти таъмини амнияту тартиботи ҷамъиятӣ ҳайати кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон рафт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо такя ба манбаи худ хабар дод.
Дар доираи боздиди ҳайат бо роҳбарияти милитсияи шаҳри Тошканд мулоқоти расмӣ баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориро дар самти таъмини амнияту бехатарӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилу кибернетикӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки истифодаи таҷрибаи якдигар ба пешгирии саривақтӣ ва фавран ошкор намудани ҷиноятҳои муосир мусоидат менамояд.
Шиносоии ҳайати кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо таҷрибаи ҳамтоёнашон дар шаҳри Тошканд на танҳо заминаи устувори ҳамкориро фароҳам меорад, балки дар тақвияти дӯстӣ ва ҳамкории касбӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахтҳои ду давлат замина мегузорад.
Асосӣ Хабари рӯз Ҳамкорӣ дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни милитсияи Душанбе ва Тошканд тақвият меёбад

Ҳамкорӣ дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни милитсияи Душанбе ва Тошканд тақвият меёбад
Блоки рекламавӣ