Масъалаи густариши ҳамкорӣ дар самти ҳифз, рақамисозӣ ва таблиғи бойгониҳои синамоӣ зимни вохӯрии директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва намояндаи Институти миллии аудиовизуалии Фаронса (INA) баррасӣ гардид. Дар ин хусус аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ имконоти ба роҳ мондани барномаҳои муштарак, табодули таҷриба, омӯзиши мутахассисон ва истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаи бойгонӣ ва паҳнкунии маводи аудиовизуалӣ низ баррасӣ гардид.
Ҳамчунин масъалаи муаррифии филмҳои тоҷикӣ дар ҷашнвораҳо, намоишгоҳҳо ва бозорҳои байналмилалии кино мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи кино ба болоравии нуфузи синамои тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат намуда, барои ҷалби аудиторияи васеъ ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ замина фароҳам меорад.
Ҷонибҳо барои рушди ҳамкории мутақобили судманд изҳори омодагӣ намуда, таъкид доштанд, ки идомаи муколама ва таҳияи нақшаҳои мушаххаси ҳамкорӣ метавонад ба ҳифз ва рушди мероси синамоии Тоҷикистон такони ҷиддӣ бахшад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь