“Фаъоли амрикоӣ Чарли Кирк кушта шуд”, – гуфт Президенти Амрико Доналд Трамп. Киркро пас аз сӯиқасд ба беморхона бурданд, вайро ҳангоми мубоҳиса дар Донишгоҳи Юта паррониданд.”Ҳеҷ кас ҷавонони амрикоиро мисли вай намефаҳмид.

Ҳама, алалхусус ман, ӯро дӯст медоштем ва ҳоло ӯ дигар бо мо нест. Мелания ва ман ба зани зебои вай Эрика ва тамоми аҳли оилааш изҳори ҳамдардӣ мекунем”, – навиштааст Президенти Амрико. Дар наворҳои дар интернет паҳншуда, дида мешавад, ки тир ба гардани Кирк расидааст. Чарли Кирк як фаъоли сиёсии амрикоӣ аст. Вай ҳизби Ҷумҳурихоҳон Ва Доналд Трампро дастгирӣ мекард. Аксар вақт дар платформаҳои гуногуни ВАО баромад мекард ва дар коллеҷҳо лексияҳо ва баҳсҳо мегузаронид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь