Доналд Трамп ва Владимир Путин тасмим гирифтаанд, ки ба зудӣ мулоқот кунанд
16 октябр Президенти ИМА Доналд Трамп ва Владимир Путин сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд ва тасмим гирифтанд, ки дар ояндаи наздик боз як мулоқоти рғ ба рӯ анҷом диҳанд. Санаи дақиқи вохӯрӣ маълум нест, аммо роҳбарон зуд дар масъалаи дар куҷо баргузор шудани он ба хулоса омаданд: Мулоқоти нави онҳо дар шаҳри Будапешт баргузор мешавад. Суҳбати телефонии роҳбарони Руссия ва ИМА 16 октябр пас аз соати 18, бо вақти Маскав баргузор шуд ва ду соат тӯл кашид. “Суҳбати Доналд Трамп ва Владимир Путин “хуб ва самаранок” буд, -гуфт сухангӯи кохи Сафед Кэролайн Левитт дар Шабакаи телевизионии Fox News. Баъдтар худи Доналд Трамп аҳамияти сӯҳбат бо Владимир Путинро таъкид карда, қайд кард, ки дар натиҷаи он пешрафти бузург ба даст оварда шудааст. Бо вуҷуди ин, раҳбари Руссия сӯҳбатро маҳз дар мавзӯи охирин оғоз кард. Вай Доналд Трампро бо қарори муваффақона дар бораи Ғазза табрик гуфт ва қайд кард, ки ин масъала дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ ҳал карда шудааст. Дар навбати худ, раиси кохи Сафед пешниҳод кард, ки ҳалли моҷарои Ғазза ба пешрафтҳои муайян дар мавзӯи Украина низ кӯмак хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол, роҳбарони ду кишвар тасмим гирифтанд, ки ҳалли Украинаро ба вақти тӯлонӣ нагузоранд ва ба мувофиқа расиданд, ки ҳафтаи оянда музокироти мансабдорони баландпояи Руссия ва Амрико баргузор мешавад. Ҳайати амрикоиро Котиби давлатӣ Марко Рубио роҳбарӣ мекунад. Ҷои мулоқоти фиристодагон ҳанӯз муайян нашудааст.”Президент Путин ва ман дар ҷои мувофиқашуда дар Будапешти Маҷористон мулоқот хоҳем кард, то бубинем, ки оё мо метавонем ба ин ҷанги” бемаънӣ” байни Русия ва Украина хотима диҳем ё на ” – навиштааст ҷаноби Трамп дар шабакаи иҷтимоии Truth Social баъди сӯҳбат бо Владимир Путин. Чанде баъд ёвари Президенти Руссия Юрий Ушаков қайд кард, ки Президенти Амрико пешниҳод кардааст, ки пойтахти Маҷористонроро ҳамчун ҷои мулақоти охирин интихоб кунаду Владимир Путин фавр ба ин розӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки бори охир Владимир Путин ва Доналд Трамп рӯзи 15 август дар Анкориҷ (Аляска) мулоқот карда, ба халли низоъ байни Руссия ва Украина тамаркуз кардандд.
Суҳбати Президенти Амрико бо Владимир Путин ҳамагӣ як рӯз пеш аз мулоқоти Доналд Трамп дар кохи Сафед бо Президенти Украина Владимир Зеленский сурат гирифт. Тавре ки роҳбари Украина ошкоро эътироф кард, яке аз ҳадафҳоӣ асосия музокирот ин аст, ки ИМА — ро водор кунад то ба Киев силоҳҳои нав диҳад, аз ҷумла мушакҳоӣ болдори Tomahawk. Трамп гуфтааст мушаки мазкурро ба ҷониби Украина медиҳад, агар мунақиша ҳал нашавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь