Якуми октябри соли 2025 ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Шарипов Қурбоналӣ Асадуллоевич, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Ваҳдат ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Неъматобод ба самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Б.Бурунов дучархарон Давлатов Исмоил Раҳимович, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри мазкурро пахш намуд.
Дар натиҷа, дучархарон Давлатов И.Р. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми дастрас кардан ба беморхона ба ҳалокат расид.
Якуми октябри соли 2025 ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Боев Хайрулло Сайфуллоевич, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Бохтар дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Сафарова Шаҳноза Ибодуллоевна, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Кӯшониёнро, ки дар дасташ фарзанди хурдсолаш Сафаров Раҳимҷон Каримович, соли таваллудаш 2022 буд, пахш намуд.
Дар натиҷа, Сафарова Ш.И. ва писари хурдсолаш Сафаров Р.К. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад. Дар ин маврид сайти ВКД ҶТ хабар додааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь