24-уми декабри соли 2025 дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб” дар ҳудуди ноҳияи Данғара ронандаи автомашинаи барқии тамғаи “Хончи”, Неъматов Кароматуло Иноятович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагард Ҷонқобилов Холмаҳмад Бойматович, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Восеъро, ки аз канори рости роҳ, ба канори чапи роҳ мегузашт, пахш намудааст.
Дар натиҷа, Ҷонқобилов Х.Б. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь