31-уми августи соли 2025 ба навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар расид, ки дар ноҳияи Фирдавсӣ, маҳаллаи “Гравзавод”, дар ҳавзи машҳур бо номи “Мехкарйер” писарбачае ҳангоми оббози аз беэҳтиётӣ ғарқ шуд.
Ҷасади ғарқшударо сокинони маҳаллаи мазкур пайдо карда, барои ташхис ба мақомоти дахлдор супориданд.
Ғарқшуда сокини 15-солаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе будааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи таслият ба хонаводар ғарқшуда, ба шаҳрвандон муроҷиат мекунад, ки фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.
Блоки рекламавӣ



