22-юми декабри соли 2025 ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, Худжамуродов Нажмиддин Тиллоевич, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Н.Хусрав, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Н.Хусрав ба самти шаҳри Душанбе, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Хуросон қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон намуда, ба девори панҷараи манзили истиқоматии Шоқулов Абдуразоқ Сафарқулович, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Хуросон бархӯрда, чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи мазкур Боймуродова Тутихон Шайдуллоевна, соли таваллудаш 1956, Гулбоева Фазилат Мирзоқуловна, соли таваллудаш 1997, сокинони ноҳияи Н.Хусрав ва Ҷумаев Сунатулло Эмомалиевич, соли таваллудаш 2007, сокини ноҳияи Н.Хусрав, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Болтаева Заррина Каҳрамоновна, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Н.Хусрав, баъди ба беморхона дастрас кардан ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ҳалокати мусофир дар ноҳияи Носири Хусрав
Блоки рекламавӣ


