3-юми августи соли 2025 як сокини 8-солаи деҳаи Хонободи ҷамоати деҳоти Хонободи шаҳри Исфара ҳангоми оббозӣ дар соҳили дарёи Исфара аз беназоратии волидайн дар дарё ғарқ шудааст.

Бо дарёфти хабар афсарони бахши Раёсати Кумита дар шаҳри Исфара, ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, ҳамроҳ бо аҳолии деҳа, 2 километр дуртар аз ҷойи ҳодиса ҷасадро пайдо ва ба мақомоти дахлдор супориданд.

2-юми августи соли 2025 як сокини 12-солаи кӯчаи Чавлибой, хонаи №108, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳангоми оббозӣ дар канали калони Ҳисор, воқеъ дар маҳаллаи Ободкорони ноҳияи Сино, аз беэҳтиётӣ ғарқ гардид.

Ҳангоми роҳандозии корҳои кофтукобӣ ҷасади ӯ аз ҷониби наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 1 километр поёнтар аз ҷои ҳодиса пайдо ва ба мақомоти дахлдор супорида шуд. Ҳар сол дар фасли гармо теъдоди ғарқшудагони махсусан хурдсол дар ҳавзу дарёю рӯдҳои кишвар меафзояд ва волидайнро мебояд то кӯдакони худро назорат намоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь