20-уми октябри соли 2025 ронандаи автомашинаи тамғаи “КИА ОПТИМА”, Карамхудозода Нозия сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи Ҳ.Шерозӣ аз самти кӯчаи И.Сомонӣ ба самти кӯчаи Карамов дар вақти расидан дар рӯ ба рӯи бинои Кӯдакистони №4-и шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон: Фароғатова Гулпари Куйбековна ва хурдсол Анзураи Соҳиба, соли таваллудаш 2023, сокинони ноҳияи Ишкошимро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Фароғатова Г.К. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расида, хурдсол Анзури С. дар беморхона бистарӣ гардидааст.
21-уми октябри соли 2025 ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Портер», Шарипов Фурқат Абдувалиевич сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Н.Раҷабов ба самти ҷамоати шаҳраки Меҳробод дар роҳи мошингарди кӯчаи Н.Раҷабов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Сайфуллоева Муслима Нодирбековна сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Сайфуллоева М.Н. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь