Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ноҳияи Қубодиён, ки пеш бо қисми 2 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, моҳи апрели соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии ду марди 40-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, ваъда додааст, ки дар ҷамоати шаҳраки Қубодиёни ҳамин ноҳия манзили истиқоматӣ дорад ва ӯро ба маблағи 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ба онҳо мефурӯшад ва аз онҳо дар якчанд марҳила маблағи 511 ҳазор сомониро гирифта, ягон амалро иҷро накарда, маблағҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, ба ҷабрдидагон зарари ҷиддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Қаллобӣ дар Қубодиён
Блоки рекламавӣ


