Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи марди 41-солаи сокини ноҳияи Фархор ворид гардидааст, ки тахминан соли 2023, ду нафар бо номҳои “Мустафо” ва “Муҷтабо” бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, дар се марҳила барои харидорӣ намудани манзилҳои истиқоматӣ маблағи 441 ҳазору 48-сомонӣ гирифта, ваъда додаанд, ки манзили истиқоматӣ аз биноҳои баландошиёна, воқеъ аз ҳудуди деҳаи Элоки ҷамоати шаҳраки М.Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ гирифта медиҳанд, аммо онҳо муддати ду сол мешавад, ки ба ӯ на манзили истиқоматӣ ва на маблағи гирифтаашонро баргардонидаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро мардони 50 ва 34-солаи сокинони ноҳияи мазкур содир намудаанд.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 41-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаи 281 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, 18-уми июли соли 2020, дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров бо роҳи фиреб ба боварии марди 50-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, худро ҳамчун соҳибкор муаррифӣ намуда, бо баҳонаи аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон овардани маҳсулоти хӯрокаи чорво 290 ҳазор сомониро гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь