Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 49-солаи сокини ноҳияи Хуросон бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, моҳи сентябри соли 2007 бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, аз ҷабрдида барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани бародараш марди 63-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки нисбаташ бо қисми 4 моддаи 319 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, 10 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати номбурда ягон амалро иҷро накарда, маблағи бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь