Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини шаҳри Гулистон бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда аз моҳи ноябри соли 2024 то 30-юми апрели соли 2025, бо роҳи фиреб ба боварии марди 27-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, бо баҳонаи якҷоя тиҷорат кардан, аз ӯ дар 5 марҳила 163 ҳазору 340 доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь