Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 42-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии зани 37-солаи сокини пойтахт даромада 19 ҳазору 500 доллари амрикоиро гирифта, ваъда медиҳад, ки аз бинои сохтмонаш нотамом дар кӯчаи Зарафшони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хонаи истиқоматӣ гирифта медиҳам, аммо гумонбаршаванда маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 20 июли соли 2022, дар ҷои кораш нуқтаи фурӯши хонаҳо, воқеъ дар кӯчаи Ал-Берунӣ аз ҶДММ «Салмон – Иншоот» бо марди 47-солаи сокини шаҳри Хоруғ шартномаи дутарафа аз 20-уми июли соли 2022, барои манзили истиқоматии якҳуҷрагӣ бо масоҳати 62,67 метри мураббаъро тартиб додаанд.
Ҷабрдида маблағи 236 ҳазор сомонӣ пардохт намуда, минбаъд гумонбаршаванда маблағи қабул карда гирифтаашро ба китоби даромаду хароҷот ба қайд нагирифта, ба хазинаи ҷамъият ворид накарда, ба манфиати шахсии худаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо банди “б” қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Қаллобӣ дар Душанбе
Блоки рекламавӣ


