Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, моҳи апрели соли 2021 ҳангоми дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия қарор доштанаш бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 135 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ бармегардонад.
Боз моҳи сентябри соли 2023, 1-адад автомашинаи борбардораш тамғаи «Зумлион»-ро ба маблағи 70 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузори карда гирифта, воситаи нақлиёти мазкурро фурӯхта маблағи ба даст овардаашро ба манфиати худ сарф намудааст.
Инчунин ӯ маротибаи сеюм моҳи январи соли 2025 дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҷабрдида 10 ҳазор доллари амрикоӣ бо мақсади қарз гирифта, маблағҳои мазкурро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Зарари расонидашуда 80 ҳазор доллари амрикоӣ ва 135 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 59-солаи сокини шаҳри Исфара, моҳи апрели соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии марди 41-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, худашро ҳамчун соҳибкори маъруф ва фаъолияташро ба хариду фурӯши хонаҳои баландошёнаи маркази шаҳри Исфара муаррифӣ намуда, ба ӯ 2-адад ҳуҷраҳои истиқоматӣ аз маркази шаҳри Исфара ваъда карда, 600 ҳазор сомониро гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Қаллобӣ бо маблағи калон
Блоки рекламавӣ


