Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи январи соли 2025, марди 33-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ як микдор қисмҳои эхтиётии автомашинаҳоро ба маблағи 79 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ маблағашро бармегардонад, аммо қисмҳои эхтиётии мазкурро фурӯхта, маблағи ба даст овардаашро ба манфиати худ сарф намудааст.
Инчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи марди 33-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки аввалҳои моҳи сентябри соли 2025, марди 31-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ манзили истиқоматиашро дар ҳаҷми 96 метри мурабаъ ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ намуда, аз ин маблағҳо 110 ҳазор сомониашро пардохт намуда, боқимонда маблағи 390 ҳазор сомониро то ҳол пардохт накардаа, ӯро фиреб дода гаштааст.
Ҳамин тариқ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 27-солаи сокини шаҳри Бӯстон аз 27-уми июл то моҳи августи соли 2025 бо роҳи фиреб ба боварии марди 28-солаи сокини шаҳри Гулистон даромада, бо баҳонаи оварда додани 2-адад автомашинаи тамғаҳои “Лексус RS-450” ва “БМВ Ф-10”, 131 ҳазор сомонӣ ҳамчун пешпардохт гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь