Ба мақомоти корҳои дохилӣ бо ариза марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки соли 2023, марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе ва “Бобоҷон” ном шахс бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 30 ҳазору 600 доллари амрикоӣ ва як автомашинаи тамғаи “Лексус РХ-350”, ки арзишаш 27 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, гирифта ваъда додаанд, ки маблағи гирифтаашонро дар муддати кутоҳ бармегардонанд, аммо то ҳол маблағи мазкурро барнагардонидаанд.
Барои муайян ва дастгир кардани “Бобоҷон” ном шахс чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.
Инчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 54-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки моҳи сентябри соли 2025, ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи мазкур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ як адад автомашинаи тамғаи “ҶАК”-ро ба маблағи 130 ҳазор сомонӣ гирифта, аз ин маблағ 29 ҳазор сомониашро дода, боқимонда маблағашро ваъда кардааст, ки дар муддати як ҳафта бо пуррагӣ бармегардонад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь