Дар Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 30-уми сентябр мурофиаи Муқим Ашӯров, соҳибкори тоҷтк шурӯъ шуд. Ӯ ба “қаллобӣ” гумонбар мешавад. Вале маълум нест, нисбати Ашӯров кӣ шикоят кардааст ва асли қазия чист.
Танҳо аз рӯи иттилоъномаи додгоҳ маълум гардид, ки Муқим Ашӯров “ба қаллобии миқдораш махсусан калон” гумонбар дониста мешавад ва додрас аъмоли ӯро аз рӯи ин банди парванда муҳокима менамояд.
Дар сурати тасдиқ ёфтани айбномааш ба маблағи калон ҷарима мегардад ё аз ҳашт то 12 сол зиндонӣ мешавад. Назари худи ӯ ва вакили дифояш ба ин қазия маълум нест.
Блоки рекламавӣ



