Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, моҳи августи соли 2025 бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ як адад автомашинаи тамғаи “Ренҷ Ровер Велар” соли бароришаш 2021-ро ба маблағи 350 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки бар ивази маблағи автомашинаи мазкур ба ӯ 4 тоннаю 333 килограмм маҳсулоти сохтмонии “арматур” то 2-юми октябри соли 2025 оварда медиҳад, аммо автомашинаи гирифтаашро ба дигар шахс ба маблағи 28 ҳазор доллари амрикоӣ фурӯхта, маблағашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь