Раҳматов Амрияздон, сокини 20-солаи шаҳри Душанбе, дар содир намудани шумораи зиёди ҷиноятҳои қаллобӣ ва ғайриқонунӣ идора карда бурдани воситаи нақлиёт гумонбар дониста мешавад. Дар натиҷаи коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, кирдорҳои ҷиноятии номбурда аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ ошкор карда шуданд.
Зимни санҷиш муайян гардид, ки гумонбаршаванда, шаби 19-уми январи соли ҷорӣ, аз хиёбони Рӯдакӣ, воситаи нақлиёти тамғаи “Тайота”, ки ба шаҳрванд Дониёрова З., тааллуқ дошта, дар канори роҳ таваққуф намуда буд, бе иҷозати соҳибмулк идора карда бурдааст.
Ҳамзамон, дар рафти тафтишоти пешакӣ муайян карда шуд, ки Раҳматов А., аз шумораи зиёди ронандагони мусофирбар (такси) бо баҳонаи занг задан телефонҳои мобилиашонро гирифта, фирор намудааст. Пас аз гирифтани телефон аз номи соҳибмулк тавассути “Ватсап” бо хешовандони ҷабрдидагон ҳамсуҳбат шуда, бо роҳи фиреб ва баҳонаҳои гуногун, тавассути ҳамёни электронӣ маблағҳои пулӣ талаб карда гирифтааст.
Айни замон, Раматов А., дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Аз шаҳрвандон даъват карда мешавад, ки агар аз кирдорҳои ҷиноятии ӯ ҷабр дидаанд, тавассути рақамҳои (+992)018020202 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.

Қаллоб ба даст афтод
Блоки рекламавӣ


